Ду нишасти изтирории ҳавопаймои «Uzbekistan Airways» дар ду рӯзи охир

Ҳавопаймои ширкати «Uzbekistan Airways», ки аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Санкт-Петербурги Русия парвоз мекард, маҷбур шуд, дар шаҳри Қазон фуруд ояд.

Ба огаҳии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йӯлларӣ», халабонҳо дар пайи бад шудани вазъи сиҳатии як мусофир тасмим гирифтаанд, ки дар наздиктарин фурудгоҳ — шаҳри Қазон ба замин нишинанд.

Ду рӯз пеш низ ҳодисаи ҳамсон рух дода буд.

Ҳавопаймои «Uzbekistan Airways» 15 октябри соли равон ҳангоми парвоз аз шаҳри Фарғона ба шаҳри Москваи Русия ба далели вазъи саломатии як мусофир дар фурудгоҳи Самара ба замин нишаст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *