Дучарха аз чӯби яхмос

Як шаҳрванди хитоӣ дучархаи ҳақиқиро аз чӯбчаи яхмос сохтааст. Дучарха дар шакли аждаҳо сохта шуда, дарозияш 2,45 м ва баландияш 1 метр аст.

Сун Чао ҳар дафъае, ки яхмос мехӯрд, чӯби яхмосро намепартофт. Аввали соли 2019 вай бо дучархаи аз чӯбчаҳои яхмос сохтааш дар кӯчаҳои шаҳри Кайюан ба сайру гашт баромад.

Ин дучархаи аҷиб дар давоми 10 моҳ аз 22.000 чӯбчаи яхмоси вазнаш наздики 20 килограмм сохта шудааст ва ҳатто чарху занҷираш аз чӯбчаҳои яхмос тайёр шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *