Дугоникҳои каллачаспида

Экизакҳои сиамие, ки бо каллаҳои ба ҳам часпида ба дунё омадаанд, рӯзи якшанбе аз Бангладеш ба Венгрия парвоз намуданд, то  табибон ҷарроҳии хатарноки аз ҳам ҷудо кардани сарҳои онҳоро гузаронанд.

Каллаҳои духтарчаҳои дусола Робия ва Руқия чунон ба ҳам часпидаанд, ки аз нигоҳи аввал дар куҷо тамом шудани каллаи аввалӣ ва сар шудани каллаи духтарчаи дигариро аниқ кардан душвор аст.

Бояд гуфт, ки майнаи сари тифлакон бо ҳам пайваст нест ва духтарчаҳо ҳамчун ду шахсияти гуногун умр ба сар мебаранд. Духтарчаҳо ва волидонашон дар Венгрия 90 рӯз меистанд. Ҷарроҳӣ ва тамоми хароҷоти табобат аз ҷониби давлат пардохт карда мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *