Духтару ҷавони тоҷикро дар Русия 20 сол ҳабс таҳдид мекунад

Дар вилояти Пензаи Русия пулис ду нафарро ба иттиҳоми фурӯши маводи мухаддири героин боздошт кардааст.

Дар ҷараёни бозрасӣ маълум шудааст, ки онҳо духтари 26-сола ва ҷавони 23-солаи шаҳрванди Тоҷикистон буда, ки аз моҳи май то августи соли ҷорӣ ба фурӯши героин мағул будаанд.

Ҳангоми тафтиши маҳали истиқомати ин ду нафар 139 бастаи героин кашф ва мусодира шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД Русия дар вилояти Пенза, дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар сурати собит шудани айбномаи воридшуда ин ду ҷавон ба муддати то 20 сол равонаи зиндон хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *