Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Эрон: «бояд иттиҳоди ҷаҳони исломро ба Ғарб нишон диҳем»

Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон гуфтааст, ки бояд кишварҳои исломӣ иттиҳоди исломро ба Ғарб нишон диҳанд.

Ин нуктаро вазири хориҷии Эрон дар ифтори сафири ин кишвар дар Фаронса дар ҳазури беш аз 33 кишвари ҷаҳон баён карда, афзудааст, ки  мо гуруснагӣ ва ташнагӣ дар моҳи Рамазонро таҳаммул мекунем, то гуруснагӣ ва ташнагии гурезаҳои Сурия дар гушаҳои ҷаҳонро дарк кунем.

Ӯ бар иттиҳоди ҷаҳони ислом таъкид карда гуфтааст: «Дар ҷаҳони ислом ниёз дорем, нишон диҳем, чӣ гуна метавонем худамон бо ифротгароӣ ва терроризм, ки ислом ва ҷаҳони исломро муттаассир аз худ карда, мубориза кунем».

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj