Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Фармони нав барои муҳоҷирон: онҳоро чӣ интизор аст?

Ҳукуматдорони Русия дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ баъди 15 – уми июн нашри фармони ҷадидро дар нақша доранд, ки тибқи он муҳлати имтиёзиро тамдид намекунад, аммо қонунигардонии ҳузур дар Русияро сода месозад.

Дар ин бора хабар дод Спутник Тоҷикистон.

“Бисёриҳо фикр мекунанд, ки тамдиди навбатии муҳлати имтиёзӣ хоҳад буд. Аммо чун ин ба дили ҳама задааст, кори дигари ҳушмандонатар кардаанд. Яъне ин фармон моҳи июн содир хоҳад шуд ва дигар тамдиди он зарур нахоҳад буд. Он ҷо қоидаи мантиқие ҷой дода шудааст”, – изҳор дошт президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия Вадим Коженов.

Номбурда илова намуд, ки феълан кор болои ин санад бо тамоми суръат рафта истодааст ва ҳуҷҷат аллакай бо эҳтимоли зиёд дар дастгоҳи президент қарор дорад.

Ӯ мегӯяд, ки аз он дар ташвиш аст, ки агар фармон то 15 июн имзо нашавад ва чунин эҳтимолият вуҷуд дорад, он гоҳ чанд рӯзе дар миён хоҳад буд, ки амалан ВКД ҳақ дорад, боздорад, ҷарима бандад ва ихроҷ намояд. Аммо баъди имзо одамон ба додгоҳҳо мераванд то ҷаримаю қарори ихроҷро бекор кунанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.