Гавҳар Шарипова баъди хушунатҳои ронанда аз мошин ба замин ҷаҳида ҷон дод

Гавҳар Шарипова, ҳунарманди маъруфи Ӯзбекистон аз мошини боркаш ба замин парида, ҷон бохтааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ бо такя ба раёсати корҳои дохилии вилояти Қашқадарё хабар доданд.

Ин ҳунарманд шаби 19 ноябр тақрибан соати 02:20 дақиқа дар километри 140-уми роҳи мошингарди «Самарқанд — Гузор» фавтид.

Ҳунарманд дар пайи хушунатҳои шаҳвонии ронанда дар ҳоле худро ба замин ҳаво додааст, ки мошин бо суръати 140 км/соат ҳаракат мекард.

«Ронандаи мошин Ш.Ф. соли таваллудаш 1990, сокини вилояти Сурхандарё аст. Ҳангоми мошин рондан нисбати ҳунарманд амалҳои шаҳвонӣ анҷом додааст», — менависанд расонаҳо.

Ронанда боздошт шуда, тафтишоти ҳодиса давом дорад. Дар сурати айбдор дониста шудани ронанда, эҳтимоли то 7 соли зиндон шудани вай мавҷуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *