Хабарнигорӣ дар Сибири Русия хатарнок шудааст

Дар навори видеоии сомонаи телевизиони “Россия 24” дида мешавад, ки раиси ноҳияи Ширини Хакасия ба Иван Литомин, хабарнигори ин шабака ҳамла карда, микрофонро аз дасташ ба зӯр гирифта ва журналистро ба замин андохт.

Дар Ҷумҳурии Хакасияи Русия як раиси ноҳия ба хабарнигори телевизиони давлатии ин кишвар ҳамла карда ва ӯро ба замин задааст.

Дар навори видеоии сомонаи телевизиони “Россия 24” дида мешавад, ки раиси ноҳияи Ширини Хакасия ба Иван Литомин, хабарнигори ин шабака ҳамла карда, микрофонро аз дасташ ба зӯр гирифта ва журналистро ба замин андохт.

Бино ба маълумоти Кумитаи тафтишотии Русия, дар мавриди ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва тафтишот оғоз гардидааст.

Мавзӯъи баҳси хабарнигор бо раиси ноҳия ҳолати ногувори манзилҳои сокинон буд, ки аз сӯхтор дар соли 2015 осеб дида ва бозсозӣ шуда буданд.

Ҳизби ҳокими “Единая Россия” қавл додааст, ки рафтори раиси ноҳияи Ширини Хакасияро дар комиссияи ахлоқи ин ҳизб ҷиддан баррасӣ хоҳад кард.

Дар баҳори соли 2015 дар Ҷумҳурии Хакасия сӯхтори бузург рух дода, бар асари он 34 нафар ҳалок, ҳудуди 1000 нафар захмӣ ва беш аз 5 ҳазор нафар бехонумон шуда буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *