ИМА ваксинаи зидди короновирусро таҷриба мекунад

ИМА ваксинаи нахустинро бар зидди короновирус барои санҷиш пешниҳод кард, ки он дар бадани 45 хоҳишманд таҷриба мешавад. Дар ин бора Associated Press хабар медиҳад. Қаблан Олмон эълон карда буд, ки ваксина истеҳсол мекунад.

Манбаъ менависад, ки санаи 16 март дар пажӯҳишгоҳи Kaiser Permanente Washington Health Research Institute-и шаҳри Сиэтли ИМА таҷрибаи клиникии ваксина бар зидди короновирус оғоз мешавад. 

Дар ин таҷриба 45 нафар гирифторони короновирус, ки аз 18 то 55 сол доранд бо хоҳиши худ ширкат мекунанд ва миқдори мухталифи ваксина дар бадани онҳо таҷриба мешавад. Ваксинаи мазкурро ширкати Moderna, ки дар базаи штати Массачусетс ва Институтҳои миллии тандурустии ИМА (NIH) мавҷуд аст, барои таҷриба пешниҳод кардааст.

Ҳамчунин, Associated Press менависад, ки эҳтимол таҷрибаи клиникии ваксинаи зидди короновирус, ки ширкати амрикоии Inovio Pharmaceuticals-и Донишгоҳи Пенсильвания ва маркази таҷрибаии Канзас-сити истеҳсол кардааст, оғоз шавад. Ин таҷриба моҳи апрел оғоз хоҳад шуд.

Расонаҳо менависанд, ки аз пандемияи коронавирус дар ИМА мардум дар таҳаллука афтода, баъди холӣ кардани рафи мағозаҳо ба харидани силоҳ оғоз кардаанд.

Бино ба маълумоти 16 март аз ба короновирус то ба имрӯз 168 ҳаз. нафар гирифтор шуда, 670 нафар фавтиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *