Қиркунандаҳои Россия ДИИШ-ро бомбаборон карданд

Бомбаандозҳои Ту-22М3 ва Су-34 Русия имрӯз бо парвоз аз  фурудгоҳи Ҳамадони Эрон ба ҷангиёни Сурия зарба заданд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Вазорати мудофиаи Русия иттилоъ медиҳад.
Гуфта мешавад, ки бомбаандозҳои Ту-22М3 ва Су-34 ба иншооти гурӯҳҳои  террористии ба ном «Давлати исломӣ»ва «Ҷабҳат ан-Нусра» дар музофотҳои Ҳалаб, Дайр-аз-Зор ва Идлиб зарбаҳои гурӯҳии ҳавоӣ заданд. Тибқи иттилои манбаъ,  қиркунандаҳо панҷ анбори калони  силоҳ, се нуқтаи идоракунӣ ва лагерҳои омодакунии ҷангиёнро, ки террористон барои фаъолият дар Ҳалаб истифода мебурданд, нобуд сохтанд.
Аз Вазорати мудофиа иттилоъ доданд, ки тамоми ҳавопаймоҳо пас аз анҷоми муваффақонаи  супориши ҷангӣ ба пойгоҳҳои худ баргаштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *