Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Ироқ хостори хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ кишвар шуд

Порлумони Ироқ рӯзи 5-уми январ қатънома дар бораи берун кардани нирӯҳои хориҷӣ аз қаламрави ин кишварро қабул кард. Тасмим дар ҳоле гирифта шуд, ки охири ҳафтаи гузашта дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии Амрико дар наздикии Бағдод фармондеҳи баландпояи Эрон Қосим Сулаймонӣ кушта шуд.

Дар қатънома аз ҳукумати Ироқ хоста шудааст, ки дархости қаблиашро аз Эътилофи байналмилалии зидди гуруҳи тундрави ДОИШ ба раҳбарии Амрико «ба хотири хатми амалиёти ҳарбӣ ва даст ёфтан ба пирӯзӣ» бекор кунад.

Аъзои Маҷлис гуфтаанд, ҳукумати нахуствазир Одил Абдулмаҳдӣ бояд ба ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Ироқ поён диҳад ва онҳоро аз истифодаи замину фазо ва об, ба ҳар далеле, манъ кунад.

Иҷрои қатъномаи порлумон барои ҳукумати Ироқ ҳатмӣ нест, аммо қаблан Одил Абдулмаҳдӣ аз порлумон даъват карда буд, ҳарчи зуд дар бораи қатъи ҳузури нирӯҳои хориҷӣ тасмим бигирад. Ӯ дар пеши қонунгузорон гуфт, «бо вуҷуди мушкилҳои дохилӣ ва хориҷие, ки бо онҳо рӯ ба рӯ ҳастем, ин тасмими беҳтаре барои Ироқ хоҳад буд.»

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Ироқ эълон кард, ки сафири Амрико дар Бағдодро эҳзор ва ҳамлаи ахири Иёлоти Муттаҳидаро дар Ироқ маҳкум намудааст. Дар изҳороти вазорат гуфта мешавад, «ин ҳамлаҳо мустақилии Ироқро халалдор мекунад» ва бар хилофи «маъмурияти тавофуқшудаи Эътилофи зидди ДОИШ» аст.

Дар Ироқ 5 ҳазор нирӯи низомии Амрико ва асосан мушовирони ҳарбӣ ҳузур доранд.

Қосим Сулаймонӣ, фармондеҳи нирӯҳои қудси Сипоҳи посдорони Эрон, субҳи 3-юми январ бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ дар наздикии фурудгоҳи Бағдод кушта шуд. Ин ҳодиса танишҳои миёни Вашингтону Теҳронро ба авҷи худ расонд. Мақомоти Эрон ваъдаи “интиқоми сахт”-ро додаанд.

Дар ҳамин ҳол, Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА гуфтааст, ки дар сурати ҳуҷуми Эрон ба амрикоиҳо ё сохтмонҳои амрикоӣ, бо ҳамла ба 52 нуқтаи муҳимми ҷумҳурии исломӣ посух медиҳад.

Трамп дар сафҳаи худ дар Твиттер навишт: “Бигзор ин ҳушдор бошад, агар Эрон ба амрикоиҳо ё дороиҳои ИМА ҳамла мекунад, мо 52 мавзеъи Эронро ба ҳадаф гирифтаем, ки (мувофиқи 52 асири амрикоӣ, ки солҳое пеш дар Эрон асир шуда буданд), бархе аз онҳо барои Эрон ва фарҳанги эронӣ хеле муҳим ҳастанд, ва ин ҳадафҳо мисли худи Эрон мувоҷеҳи зарбаи сангину сареъи ИМА хоҳанд шуд ИМА дигар таҳдид намекунад!”.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.