Кӣ аз ҳама пули бисёр кор кард?

Кани Уэст тибқи рейтинги солонаи Forbes сарояндаи сердаромадтарин дар ҷаҳон эълом шудааст. Рӯйхат дар сайти нашрия нашр шудааст.

Ба сарватмандони машҳур моделҳо, овозхонҳо, варзишгарон ва актёрҳо дохил мешаванд. Ҷойи аввалро дар рӯйхат Кайли Ҷеннер — модели амрикоӣ, асосгузори Kylie Cosmetics ишғол кард. Ҷеннер аз ҳисоби фурӯши 51 фоизи ширкаташ 590 миллион доллар ба даст овард.

Дар сатри дуввум рэпер Канье Уэст бо даромади 170 миллион доллар қарор дорад. Муваффақияти молиявии ӯ аз фурӯши бренди кроссовки Yeezy сарчашма мегирад.

Дар ҷои сеюм теннисбози Швейтсария Роҷер Федерер бо сарвати 106,3 миллион мебошад. Вай ин маблағро тавассути шартномаҳои сердаромади таблиғ ба даст овардааст.

Ба даҳгонаи машхуртаринҳои сердаромад, инчунин Криштиану Роналду (105 миллион доллар), Лионел Месси (104 миллион доллар), Тайлер Перри (97 миллион доллар), Неймар (95,5 миллион доллар), Ховард Стерн (90 миллион доллар), Леброн Ҷеймс шомил шуданд (88,2 миллион доллар) ва Дуэйн Ҷонсон (87,5 миллион доллар).

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *