Конор ба беморхонаҳо кӯмак мекунад

Собиқ қаҳрамони UFC дар ду вазн, Конор МакГрегор тамоми беморхонаҳои Ирландияро бо таҷҳизотҳои муҳофизатӣ ва дезинфексиони барои мубориза бо коронавирус таъмин намудааст.
Дар ин бора ҳамсари варзишгар Ди Девлин дар саҳифаи Instagram хабар медиҳад.

Тавре, ки Ди Девлин  дар саҳифааш менависад : «Ман аз ту хеле ифтихор мекунам, Конор! Ман худам солҳо дар беморхона кор мекардам ва медонам, ки ҳаёти табибон барои ҳифзи ҳаёти мо чӣ қадар душвор аст. Таъмини онҳо бо тамоми воситаҳои зарурӣ барои мубориза ба ин бемории даҳшатнок ва ҳимояи онҳо ҳангоми иҷрои вазифа амали наҷиб аст”

Тибқи маълумоти ТУТ, то 10 апрел дар Ирландия тақрибан 9 ҳазор ҳолати сироятёби ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст, ки 320-нафар аз гирифторшудагон фавтидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *