Корманди вазорати хориҷаи ИМА зани тоҷикашро кушт

Лола Ғуломоваи 45-сола, зодаи Тоҷикистон аз дасти шавҳараш-Ҷейсон Рифф, корманди Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба қатл расид.

Лола Ғуломоваи 45-сола, зодаи Тоҷикистон аз дасти шавҳараш-Ҷейсон Рифф, корманди Вазорати корҳои хориҷии Амрико ба қатл расид.

Рӯзи 7 июн пулис ба манзури бозрасии ҳодиса ба манзили Ғуломова дар шимолу ғарби шаҳри Вошингтон омада ва дарро шикаста вориди хона шуд. Ҳамин лаҳза шавҳари Лола-Ҷейсон Рифф ба сари худ аз милтиқ тир холӣ карда ва баъдан дар бемористон ҷон бохт.

Ба навиштаи нашрияи The Washington Post, Ҷейсон Рифф ва Лола Ғуломова моҳи марти соли ҷорӣ пас аз 18 соли зиндагии якҷоя ҷудо шуданд.

Қарор буд, соли 2020  Лола ду духтарашро аз Вошингтон ба ҷойи кори наваш дар Белград барад, аммо шавҳараш розӣ набуд.

Лола ва Ҷейсон 20 соле қабл дар фестивали рақси “Роҳи Абрешим” дар Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико шинос шуданд.

Духтари калонии онҳо имсол мактаби миёнаро хатм кардааст.

Лола Ғуломова, муҳаққиқи рақсҳои мардумӣ аз ҷумлаи тоҷикистониҳоест, ки тавонист дар Амрико соҳиби мансаб шавад. Аввал ӯ дар Идораи кайҳонии НАСА, сипас, дар сафорати ИМА дар Маскав ва ахиран дар Вазорати тиҷорати Амрико фаъолият кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *