Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Коронавирус»: 80 нафар фавтиду 3 ҳазор кас гирифторанд

Си Ҷинпин, президенти Чин 25 январ дар нишасти роҳбарони Ҳизби коммунисти Хитой гуфт, ки кишвараш дар вазъияти бади густариши вируси нав қарор дорад.

Бояд гуфт, ки “коронавирус” бори аввал дар шаҳри Вуҳан ошкор шуд. Ин беморӣ то кунун ҷони 80 нафарро гирифта ва наздик ба 3 ҳазор кас ба он гирифтор шудаанд.

Си Ҷинпин гуфт, кишвараш тавоноии инро дорад, ки дар набард ба зидди ин беморӣ муваффақ шавад.

Ин буҳрон сабаб шудааст, ки аз соли нави чинӣ, ки таътили бузурге дар ин кишвар ба шумор меравад, таҷлил нашавад. Анҷумани хадамоти мусофирбарии Чин ба ҳама оҷонисҳо гуфтааст, ки сафари гуруҳи сайёҳонро боздоранд.

Ин дар ҳолест, ки миллионҳо нафар дар ин кишвар дар ҷараёни таътили соли нав сафар мекунанд ва имкон дорад равуои онҳо паҳн шудани бемориро суръат бахшад.

Дар баробари Чин, вируси нав дар Австралия, Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳонгконг, ИМА, Канада, Фаронса, Сингапур, Ветнам, Непал ва Тайван низ ошкор шудааст.

Тоҷикистон сафари шаҳрвандонашро ба Чин маҳдуд ва парвози ҳавопаймоҳоро аз Душанбе ба он кишвар муваққатан қатъ кардааст.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.