Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Коронавирус ба Туркия ҳам расид

Имрӯз Вазорати тандурустии Туркия эълом кард, ки нахустин мавриди гирифторӣ ба вируси корона дар як мард, ки ахиран аз яке кишварҳои аврупоӣ баргаштааст, ба қайд гирифта шуд.

Вазири тандурустии Туркия маълумоти бештари дар мавридии ин бемори мубтало ба коронавирус ва ин ки ба кадом кишвари аврупоӣ сафар карда буд, ироа накардааст.

Фахриддин Куҷо, вазири тандурустии Туркия гуфтааст, шахси бемор дар карантин қарор дорад ва аъзои хонавода ва шумори дигаре аз шаҳрвандон, ки бо ӯ тамоси наздик доштанд, низ карантин шуданд.

Туркия то ба ҳол ҳеҷ мавриди гирифторӣ ба коронавирусро эълон накарда буд ва ин эҳтимол, ки вирус дар ин кишвар вуҷуд дошта бошад ё дар оянда интиқол ёбад, матраҳ буд.

Фурудгоҳҳои Туркия аз оғози паҳн шудани ин беморӣ, ҳамаи мусофирони хориҷиро зери назар қарор додаанд.

Бояд гуфт, ки парвозҳо ба Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Италия лағв ва марзҳои заминӣ бо Ироқ ва Эрон низ баста шудаанд.

Вазири тандурустии Туркия рӯзи чоршанбе гуфтааст, мураххасии табибон, ҳамшираҳои шафқат ва дигар кормандони бемористонҳо лағв шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки аҳолии Туркия ҳудуди 83 млн нафар аст ва ин кишвар ҳамзамон мизбони аз ҳама бештари гурӯҳи паноҳҷӯён дар ҷаҳон мебошад ва наздик ба панҷ миллион муҳоҷир, ки асосан аз Сурия мебошанд, дар Туркия ҳузур доранд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.