Коронавирус: Сироятёфтагон, шифоёфтагон ва фавтидагон дар ҷаҳон

Дар Франсия шумораи шахсони гирифтор ба коронавируси ба 92 ҳазору 839 нафар расида, теъдоди беморони шифоёфта ва фавтида мутаносибан 16 ҳазору 183 нафар ва 8 ҳазору 78 касро ташкил медиҳад. Ҳамин тавр, Франсия баъд аз Испанияву Италия ва Германия чорумин давлати аврупоӣ гардид, ки аз рӯи ин нишондод аз Чин пеш гузашт. Хабар медиҳад АМИТ “Ховар”

Дар ҷаҳон шумораи гирифторон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 1,2 миллион нафар расида, теъдоди шифоёфтагон зиёда аз 262 ҳазор кас ва фавтидагон беш аз 69 ҳазор тан гардид.

Аз рӯи шумораи одамоне, ки ба ин вирус мубтало шудаанд, ИМА дар ҷои аввал қарор дорад. Теъдоди мубталоён дар Амрико 336 ҳазору 830 нафарро ташкил медиҳад.

Испания дар ҷои дуюм буда, дар он то имрӯз 131 646 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Италия аз рӯи шумораи сироятёфтагон дар ҷои сеюм қарор гирифта, дар он 128 ҳазору 948 нафар мубталои коронавирус шудаанд. Италия ҳанӯз ҳам мамлакати аврупоие боқӣ  мемонад, ки дар он шумораи зиёди фавт аз коронавирус ба қайд гирифта шуда, он 15 887 нафарро ташкил медиҳад.

Шумораи зиёди сироятҳо ҳамчунин дар Германия — 100 123, Франсия — 92 839, Чин — 81 708, Эрон — 58 226, Британияи Кабир — 47 806, Туркия – 27 069, Швейтсария — 21 100, Белгия – 19 691, Нидерланд – 17 851, Канада – 15 512, Австрия – 12 051 ва Бразилия — 11 281 ба қайд гирифта шудааст.

Аз ҳама бештар  дар Чин — 77 078 нафар, Испания – 38 080, Германия – 28 700, Италия – 21 815, Эрон – 19 736, Франсия – 17 977, ИМА – 16 183, Кореяи Ҷанубӣ – 6 598, Швейтсария – 6 415 ва Белгия – 3 751 нафар беморон шифо ёфтаанд.

Ба даҳгонаи давлатҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди ҳолатҳои фавт ба қайд гирифта шудааст, Италия (15 887 нафар), Испания (12 641), ИМА (9 618), Франсия (8 078), Британияи Кабир (4 934), Чин (3 603), Эрон (3 331), Нидерланд (1 766), Германия (1 584) ва Белгия (1 447) дохил мешаванд.

СУТ, ки 11 март хуруҷи COVID-19-ро пандемия эълон карда буд, имрӯз дар бораи беш аз 205 кишвару ҳудуд ва ду киштии саёҳатии байналмилалии «Diamond Princess» ва «MS Zaandam», ки дар онҳо ҳолатҳои сироятёбӣ ба қайд гирифта шудаанд, гузориш медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *