Латтукӯби ду ҷавон аз сӯи марзбонони Ӯзбекистон

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ 12 ноябри соли равон видеое нашр шуд, ки низомиёни ниқобпӯш ду ҷавони 22-23-соларо дашномҳои қабеҳ дода, сахт латтукӯб мекунанд.

Умедҷон Саидҷонови 22-сола, ки баъди латтукӯб шудан аз тарафи низомиёни Хадамоти марзбонии Ӯзбекистон дар беморхонаи ноҳиявии Фарғона бистарӣ шудааст, ҳодисаро чунин шарҳ дод:

«Ҳамроҳи модарам барои хариди нон ба марказ рафтем. Марзбонон хостанд мошини маро тафтиш кунанд ва гуфтанд, ки курсии ақибро боло бардор. Сипас талаб карданд, ки курсиро кушоям. Ман гуфтам, барои он калид лозим аст. Вале исрор карданд, ки «мекушоӣ». Боз фаҳмондам, ки ин номумкин аст. Баъдан гуфтанд, «мошинро яктараф гир». Ман мошинро ронда ба хонаамон, ки дар наздикӣ аст, рафтам ва модарамро гузошта, ҳамроҳи як дӯстам баргаштам. Вале марзбонон маро ба итоат накардан ва фирор аз тафтиш айбдор карда, латтукӯб намуданд. Ба сарам бо чӯбдаст заданд ва боқиро дар ёд надорам».

Абдурасул Фозилови 23-сола мегӯяд, марзбонони ӯзбек ӯро низ ба ҳадде латтукӯб карданд, ки дар беморхона бистарӣ шудааст.

«Шахсеро, ки марзбонон дар видео латтукӯб мекунанд ман ҳастам. Китфам то ҳол дард мекунад ва осори латтукӯб ҳанӯз ҳам боқист. Ҳамроҳи Умедҷон дар дохили мошин будам. Маро ҳам бе сабаб аз мошин бароварда, заданд», — афзуд ӯ.

Умедҷон Саидҷонов мегӯяд, марзбонони Ӯзбекистон шахсони «шубҳанок»-ро пайваста таҳқир ва латтукӯб мекунанд.

Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон бо нашри изҳороте видеои латтукӯби ҷавононро шарҳ дода, гуфт, Саидҷонов ва Фозилов ба марзбонон «итоат накарданд». Хадамот афзудааст, ки ин ду ҷавон қаблан бо ҷурми қочоқ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда буданд.

Наздикони Саидҷонов ва Фозилов аз болои марзбонон ба додситонии ноҳияи Фарғона шикоят бурдаанд. Талошҳо барои дарёфти назари додситонии Фарғона бенатиҷа буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *