Макотибу коллеҷҳоро чаро дар Деҳлӣ бастанд?

Нисфи кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард

 Дар Деҳлӣ, Комиссияи идоракунии сифати ҳаво тамоми мактабҳоро баста ва воридшавии мошинҳои боркаш ба пойтахти Ҳиндустонро (ба истиснои мошинҳои дорои молҳои зарурӣ) аз сабаби ифлосшавии ҳаво маҳдуд кардааст, хабар медиҳад NDTV.

Дар хабар омадааст, ки «Ҳамаи мактабҳои давлатӣ ва хусусӣ, коллеҷҳо ва муассисаҳои таълимӣ дар пойтахт то огоҳии минбаъда баста хоҳанд шуд. Танҳо омӯзиши онлайн иҷозат дода мешавад».

Индекси сифати ҳаво дар Деҳлии Нав ба 403 расидааст. Сатҳи сифати 500 барои ҳаёт таҳдиди хатар аст.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи олии Ҳиндустон ба баррасии даъво алайҳи мақомоти Деҳлӣ дар робита ба сифати пасти ҳаво шурӯъ кард. Ба гуфтаи вакилони додситонӣ, ба ҷуз аз сӯхтор дар саҳро, ҳаракати мошинҳо дар атрофи пойтахт, инчунин корхонаҳо, ғубори роҳҳо, плитаҳои ангиштсанг дар меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо атмосфераро олуда мекунанд.

Ҳамзамон, нисфи кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва хусусӣ то рӯзи якшанбеи оянда ба таври фосилавӣ кор хоҳанд кард. Дар Деҳлй бояд тамоми корҳои сохтмонӣ, ба ғайр аз сохтмони роҳи оҳан, метро, фурудгоҳ​​ ва иншоотҳои дорои аҳамияти умумидавлатӣ боз дошта мешаванд.

Аз ибтидои тирамоҳ сифати атмосфераи Деҳлӣ хеле бад шуд. Сӯхтани хошоки даравшуда дар саҳроҳо, дар атрофи шаҳр ва давлатҳои ҳамсоя яке аз сабабҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи деҳқонон, онҳо маҷбуранд боқимондаи гиёҳҳоро дар саҳро сӯзонанд, зеро маблағе барои харидани таҷҳизоти махсус надоранд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.