Мардумозори кӯча, ситораи футболи ҷаҳон

Таърихи асри XXI ба мисли Месси, Роналдо ва Златанро ёд надорад. Дар бораи Мессиву Роналдо борҳо гуфтаем, ҳоло мехоҳем хонандаро ба нобиғаи дигари футболи сайёраи асри кунуни Златан Ибрагимович шинос намоем.

Корти сурх ба шӯрапушт

Златан Ибрагимович соли 1981 дар шаҳри Малмёи Шведсия дар оилаи диндорон ба дунё омадааст.  Падари Златан Шафиқ Иброҳим пайрави дини ислом ва модараш Юрка Гравич пайрави дини насронӣ буданд. Шояд таассубҳои динии волидони бозингари оянда сабаб шуд, ки падару модари Златан ҳангоми 2 — сола буданаш аз ҳам  ҷудо мешаванд. Ибрагимович зиндагии минбаъдаашро ҳамроҳи модар идома медиҳад. Ҳарчанд дар хурдӣ аз падар ҷудо шуда бошад ҳам, аммо ӯро фаромӯш накард ва мунтазам ба аёдати падар мерафт ва ҳоло ҳам бо вай муносибати хубу самимӣ дорад.

Кӯдакиҳои Златан дар шаҳри Малмё гузаштааст. Шаҳре, ки аксар ҷавононаш дузду роҳзану кӯчагард буданд. Ин муҳит ба Златани наврас бетаъсир намонд ва ҷавониҳои ӯ низ бо шӯрапӯштиву мардумозорӣ гузаштааст.

Тарки одат амри маҳол мегӯянд, баъд аз бузург шудану футболбози ҳирфаӣ шуданаш ҳам баъзе одатҳои бадаш ба мисли ҷангҷӯиву занозани дунболи ӯро раҳо намекарданд ва тақрибан дар ҳар бозӣ як футболбози рақибро латукӯб мекарду корти сурхи доварро рӯ ба рӯяш медид.

Златан аз хурдӣ ба варзиш шавқу ҳаваси беандоза дошт. Ҳанӯз дар овони 8 — солагӣ ӯ дар дастаи наврасони “Балкан” бозӣ мекард. Дар баробари футбол ӯ ба намуди варзиши якҳарбаҳои шарқӣ низ шавқу рағбат дошт ва дар овони ҷавонӣ аз рӯи ин намуди варзиш соҳиби камарбанди сиёҳ гардидааст.

Ситораи майдон

Майдондори майдонҳои бузург “Аякс” ва “Ювентус” Ибрагимович фаъолияти футболбозии худро дар дастаҳои бузург аз дастаи “Аякс”-и Ҳолланд оғоз намудааст. Соли 2001 ӯ бо ин даста шартномаи сесола баст ва то соли 2004 дар ин даста фаъолият намуд. Муваффақиятҳои Златан дар дастаи ҳолландӣ аз чашми абардастаҳои аврупоӣ дур намонд.

Баъд аз ба охир расидани шартномаи сесола дастаи “Ювентус”-и Италия ба истилоҳе “Деви” футболро бо арзиши 19 млн. евро харидорӣ намуд. Ӯ дар ин дастаи итолиёвӣ зуд унс гирифта, дар ҳар бозӣ дарвозаи рақибонро голборон мекард ва дар як соли фаъолияташ алаккай беҳтарин ношонзан байни лиганерҳо дониста шуд.

Дар мавсими соли 2005-2006 ба гунае кори Ибрагимович дар “Ювентус” омад накард. Ӯ дар 45 бози танҳо 16 гол ба давозаи рақибон ворид карду халос. Ба нокомиҳои охирини Златан нигоҳ накарда, дастаи шоҳонаи “Реал” ба бозингар 70 млн. доллар пешниҳод кард, аммо дастаи итолиёвии “Ювентус” барои охирин имкониятро додан ба варзишгар пешноҳоди “Реал”-ро рад кард ва “Дев”-и футбол тавонист як мавсими дигар дар Турин боқӣ монад.

Интер

Дар гузариши тобистонаи соли 2006 дастаи дигари итолиёви “Интер” бо пешниҳоди камтар аз “Реал”, яъне бо арзиши 25 млн. доллар Ибрагимовичро ба дастаи худ ҷалб намуд. Дар давоми шартномаи сесолааш бо “Интер” ӯ ба ситораи ҳақиқии футболи Аврупо табдил ёфт. Дар як мавсим 66 голро сабти номи хеш кард ва дар серияи “А” беҳтарин нишонзани сол эълон гардид. Маҳз бо шарофати Златан дастаи “Интер” дар мавсими солҳои 2008-2009 супер кубоки Италияро ба даст овард, ки ин натиҷа беҳтарин дастоварди футболбоз ба ҳисоб меравад.

“Барселона”

Баъд аз хотимаи шартнома бо дастаи “Интер” бузургтарин дастаи сайёро “Барселона” ба Ибрагимович пешниҳоди ҳамкорӣ намуд, азбаски футболбоз орзуи дар ин дастаи Испаниёӣ бози карданро дошт, зуд пешниҳодро қабул кард ва дастаи каталони барои гузариши ӯ 45 млн. эвро ба дастаи “Интер” пешниҳод намуд. Азбаски дар “Барселона” ситораҳое чун Месси, Хави ва Инеста бозӣ мекарданд, Ибрагимович натавонист ҳамчун футболбози ҳирфавӣ худро нишон диҳад, ба ҳамин хотир танҳо як мавсим дар “Барселония” фаъолият карду тамом.

“ПСЖ”

Шуҳрату обруи дубораи худро Златан баъд аз гузариш ба дастаи фаронсавии “ПСЖ” бо арзиши 60 млн. доллар ба даст овард. Ибрагимович аз соли 2013 то соли 2016, яъне се сол дар ин даста бозӣ намудааст. Дар таърихи футбол ӯро ҳамчун бозингари дағалбозу ҳаромбоз мешинохтанд, вале дар як бозӣ ӯ ҳамаро моту ҳайрони худ кард. Баъди ба дарвозаи рақиб гол заданаш куртаашро бадар кашид, ки дар баданаш номи 50 кӯдаки дар Африко аз гуруснагӣ мурда холкӯбӣ шуда буд, ки ин амал инсондӯсту меҳрубон будани ӯро нисбат ба насли инсоният нишон медод.

Баъди ин амал обруву эътибораш байни мухлисон даҳчанд гардид ва сафи дӯстдоронаш низ афзун шуд. Баъд аз хотимаи шартнома бо дастаи фаронсавии “ПСЖ” соли 2017 ба дастаи англисии “Манчестер Юнайтед” пайваст ва дар ин даста танҳо як сол фаъолият намуд. Шурӯъ аз соли 2018 то ҳола фаъолияти футболбозиашро дар дастаи амрикоии «Лос-Анджелес Гэлакси»  идома дода истодааст.

Ҳаёти шахсӣ

Ибрагимавич дар китоби ёддоштҳои худ “Ман Златан” қайд мекунад, ки: “Ман бо ҳамсарам Хелена Сегер ба таври романтикӣ шинос шудем. Соли 2002 вақте ки мошинамро дар таваққуфгоҳ пеши “Мерсадес”-е гузошта будам, чун аз мағоза берун шудам, дидам духтараки хушқаду қомате бо асабоният аз нафарони дар атрофбуда соҳиби “Ферари”-и дар пеши мошинашбударо меҷӯяд.  

Ман ҳам пеш омада, соҳиби “Ферари” буданамро фаҳмонидам, ҳамин тавр бад аз ҷанҷол бо ҳам шинос шудам ва оила барпо кардем”. Ҳоло Златан соҳиби ду писар бо номҳои Максимилиана ва Винсента мебошад.

Яҳё Маҳмаднабиев

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *