Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Миср ҳам гирифтори коронавирус шуд

Ҳодисаи сироят бо коронавирус дар Миср ба қайд гирифта шудааст. Дар ин бора Вазорати тандурустии Арабистон  дар як изҳороти муштарак бо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хабар медиҳад.

«Вазорат ҳолати шаҳрванди хориҷиро аз коронавирус муайян кард. Пас аз сироятёбӣ ба вирус ва тасдиқи санҷишҳои лабораторӣ, ки натиҷаи мусбӣ доштанд, он карантинӣ карда шуд», — гуфта мешавад дар саҳифаи Facebookии вазорат.

Сухангӯи вазорати тандурустии Миср Холид Мугаҳед дар суханронии худ гуфтааст, ки «ҳоло вазорат чораҳои пешгирикунанда алайҳи онҳое, ки бо нишонаҳои сироятшуда тавассути гузарондани санҷишҳои зарурӣ барои мавҷудияти вирус тамос гирифтаанд, қабул мекунад.»

Ба гуфтаи Мугаҳед, ин дуввумин ҳодисаи коронавирус дар Миср аст. Аввалин мубтало, ба гуфтаи ӯ, сиҳат шудааст.

Бояд гуфт, ки дар миёнаи моҳи феврал Вазорати тандурустии кишвар эълом кард, ки дар яке аз шаҳрвандони хориҷӣ коронавирус ошкор шудааст, аммо баъдтар ин ниҳод изҳорот дод, ки ин ҳолат тасдиқ нашудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.