Модари 38 фарзанд

Марям Набатанзи Бабире умре дар орзуи оилаи калон буд. Орзуҳояш амалӣ шуданд ва акнун дар синни 40-солагӣ ин зан модари 44 фарзанд гаштааст, ки ба падарашон даркор нестанд. Марям ҳаёти сангинеро аз сар гузаронидааст.

Ҳанӯз дар 13-солагияш волидонаш ӯро ба як марди 27 сол аз худаш калон ба шавҳар доданд. Баъди як соли издивоҷ Марям дугоник, баъди ду сол сегоник ва баъди чор сол яку якбора чоргоник ба дунё овард. Замоне, ки Марям аллакай 23 фарзанд дошт, ба табибон муроҷиат намуд, то ки сади роҳи серфарзандияш шаванд.

Ташхис нишон дод, ки кори тухмдонҳои ин бону хеле фаъол аст ва ҳама гуна дахолат ба саломатияш хатар дорад. Ҳамин тавр, Марям дар маҷмуъ 44 фарзанд: 6 дугоник, 4 сегоник, 3 чоргоник ва 2 фарзандро дар алоҳидагӣ таваллуд кардааст. 6 фарзандаш дар навзодӣ вафот карда, 38 нафарашон зиндаву барҳаётанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *