Муҳоҷирзане ба ҷони кӯдакаш қасд кард

Полиси шаҳри Маскав муҳоҷирзани 33- соларо бо иттиҳоми сӯиқасд ба ҷони кӯдаки ноболиғаш дастгир намуд.

 Гуфта мешавад, ки ин зан шаби 24-ми ноябр кӯдаки навзоди худро дар ҳавои сардиаш 5 дараҷа дар назди яке аз боғчаи кӯдаконаи кӯчаи Роменский шаҳри Маскав гузошта худ ғайб задааст.

Бино ба гуфтаи кормандони пулис,  ҷавонзан қасд доштааст кӯдаки худро дар ҳавои сард нобуд созад то барои гузаштанаш аз сарҳад монеа эҷод накунад.

Худи ҷавонзан низ иқрор шудааст, ки мехост кӯдакашро дар ҳавои сард нобуд кунад ва барои ин кор касе ӯро маҷбур накарда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *