Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муаллифи «смайлик» бо акси президент дар натиҷаи латтукӯби шадид ҷон бохт

Дар шаҳри Алмато Собит Сирахон (Bisen), тарроҳ ва муаллифи «смайлик» бо акси президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар натиҷаи латтукӯби шадид ҷон бохт.

Дар ин бора хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

«Ноодамон дӯсти маро зери мушту лагад қарор дода, ягон узвашро солим нагузоштаанд. Ӯро аз пойафзолҳояш шинохтем»,-навиштааст рэпер Бекболат Кайдаров дар Инстаграм.

Департаменти пулиси Алмато рӯзи душанбе хабар дод, ки дар робита ба куштори тарроҳ бародари дӯстдухтари Сирахон дастгир шудааст. Гумонбар ҳангоми бозпурсӣ эътироф кардааст, ки «ҳарифашро ба хотири муносибатҳои номуносиб» латтукӯб кард.

Ба иттилои пулис, гумонбар боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Яке аз корҳои маъруфи Сирахон логотипи «Чашмони Назарбоев», истинод ба Нурсултон Назарбоев мебошад. Сирахонро ҳамчунин тарроҳи бренди маъруфи «streetwear» меноманд.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj