Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Муовини мудир хонандаро аз ошёнаи дувум ба замин партофтааст

Сӯҳроб Қаршибоев, хонандаи мактаб аз ноҳияи Иштихони вилояти Самарқанди Ӯзбекистон мегӯяд, рӯзи 28 декабри соли 2019 муовини мудири мактаб ӯро ба хотири истифодаи тарфанд ё «хлопушка» латту кӯб ва аз ошёнаи дувум ба замин ҳаво додааст.

Ёқутой Умрзоқова, модари хонанда низ ҳарфҳои писарашро тасдиқ мекунад.

«Омӯзгор писари маро дохили синфхона карда, онҷо латту кӯб кард. Маро аз мактаб занг заданд ва гуфтанд, ки писарат аз ошёнаи дувум афтидаасту дасташро шикастааст. Омӯзгор чи ҳақ дошт писари маро занад?», — мегӯяд Умрзоқова.

Сӯҳроб Қаршибоев, хонандаи мактаб субҳи 1 январ каме беҳтар шуда ва ҳодисаро ба наздиконаш нақл кардааст.

Вай гуфтааст, баъди таҷлил аз Соли нав дар толори маҷлиси мактаб садои таркидани тарфанд шунида шуд. «Ман вориди толор шудам, ки бинам чи гап аст. Баъди ман муовини мудири мактаб ба толор ворид шуд ва маро ба истифодаи тарфанд гунаҳкор ва латту кӯб карду сӯи зинаҳо бурд. Дӯстонам ин ҳолро диданд ва ба муовини мудир гуфтанд, ки ман гунаҳкор нестам», — нақл кардааст Суҳроб Қаршибоев.

«Маро вориди синфхона кард ва ба латту кӯб идома дод. Ман назди тиреза қарор гирифтам ва омӯзгор наздик шуда, маро тела дод. Дар ёд дорам ки чи гуна рӯи бетон афтидам, дигар чизеро дар хотир надорам», — гуфт хонандаи мактаб.

Пулиси ноҳияи Иштихон хабар дод, ки волидони хонанда ба ҷавобгарӣ ҷалб кардани муовини мудири мактабро талаб кардаанд. Пулис гуфт, тафтишот шуруъ шудааст.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.