Наҷоти 80 нафар аз сардӣ дар шоҳроҳи Алмато-Тошканд

Дар шоҳроҳи Алмато-Тошканд-Тирмиз шаби 22 декабр як автобуси мусофирбар ва чандин мошинеро ба ҷои амн интиқол доданд, ки ба иллати поин рафтани ҳарорати ҳаво дар нимароҳ монда буданд.

Ба огаҳии ширкати давлатии «Қазавтожол», автобус аз роҳ баромада буд.

Ҷамъан 36 мусофири автобус ва 44 мусофири мошинҳои сабукравро ба деҳаи «Шакпак-Баба»-и вилояти Туркистон интиқол додаанд.

«Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар ҳавои номусоид ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии вилоятҳои Оқтеппа, Қазоқистони Шарқӣ, Ҷамбил ва Туркистони Қазоқистон маҳдудият ҷорӣ шудааст», — афзуд ширкат.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *