Неймар омодааст, ки бо маоши кам ба «Барселона» гузарад

Форварди бразилии бошгоҳи «Пари Сен Жермен»- Неймар омодааст, ки музди маоши худро кам кунад то ба “Барселона” баргардад. Хабар медиҳад ТВ Варзиш

Ба маълумоти сарчашма айни ҳол ин футболбози бразилӣ дар як сол 52 млн евро музди маош мегирад. Ин маблағ ба суратҳисоби Неймар аз ҳисоби “ПСЖ” ва бонки Қатар гузаронида мешавад. Худи Неймар розӣ шудааст, ки ҳатто музди маошаш се баробар кам шавад,  аммо ба “Барселона” гузариш кунад.

Ёдовар мешавем, ки Неймар соли 2017 бо арзиши рекордии 222 млн евро ба “ПСЖ” гузашта буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *