Омӯзгорон маҷбуранд барои синфхонаҳо пардаю ҷевон харидорӣ кунанд

Дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Ӯзбекистон омӯзгорони мактаби русии №30 шикоят доранд, ки 30 дарсади маоши моҳи августашон барои харидории парда ва ҷевон ба синфхонаҳо ситонида хоҳад шуд.

Омӯзгорон сабтеро фиристодаанд, ки дар он масъалаи харидории пардаву ҷевон барои синфхонаҳо баррасӣ шудааст. Дар он мудири мактаб Пулод Орозов ба омӯзгорон мегӯяд, ки барои харидории пардаву ҷевон 20 миллион сӯм (2105 доллар) лозим аст ва он аз маоши моҳи августи онҳо гирифта мешавад.

Омӯзгорон мегӯянд, баъди эътироз ба ин тасмими раҳбарияти мактаб таҳдид шуданд, ки ҷои кори худро аз даст хоҳанд дод. Яке аз омӯзгорони мактаби №30 ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ҳамеша як қисми маоши онҳоро намедиҳанд.

«Пулҳо дар ихтиёри мудир ҳастанд. Ба ҷуз ин, аз мо талаб мекунанд, то хаттӣ баёнот диҳем, ки ин пулҳоро бо хоҳиши худ медиҳем. Вале дар асл он фасодкории маҳз аст. Мо барои мактаб пулро дареғ намедорем, вале кӣ кафолат медиҳад, ки пулҳо ба ҷайби мудир ё каси дигар намераванд?», — изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Мудири мактаби рақами 30 Пулод Орозов хабарҳо дар ин заминаро қотеона рад кард. «Ҳамааш сафсата аст. Ман кафолат медиҳам, ки аз маоши омӯзгорон маблағе ситонида намешавад. Рӯзи душанбе онҳоро ҷамъ карда, огаҳ хоҳам кард, ки маоши моҳи августро пурра дарёфт хоҳанд кард», — изҳор дошт ӯ. Мудир аз шарҳи навор худдорӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *