Онкологҳои турк собит мекунанд, ки саратон ташхис аст на ҳукм

Ҳарчанд дар ҷаҳон ҳодисаҳои зиёди бемориҳои онкологӣ ташхис мешавад, аммо барои сокинони бештари кишварҳои пешрафта саратон охири кор ҳисоб намеёбад.

Ба далели истифодаи сареъи усулҳои наву муассири ташхис ва табобат беморони мубталои саратон имкони бештари ташхиси хуб ва сиҳатмандии комилро доранд.

Туркия яке аз кишварҳоест, ки усулҳои навтарини табобати саратонро дар ихтиёр дорад.

Дар даҳсолаи ахир бо мусоидати ҳукумат ва сармоягузорони хусусӣ саноати тиббии дорои навоварӣ ва технологияи мудерн бунёд гардид.

Ин ба Туркия имкон дод, ки дар табобати навъҳои мураккаби саратон, аз ҷумла, саратони мағз комёбиҳои чашмрасро ноил шавад.

Шурӯъ аз соли 1997 нейрохирургҳои турк техногияи гамма-кордро бо муваффақият истифода мекунанд ва дар ростои хизматрасонии беморон аз тариқи ин усул дарҷаҳон дар панҷгонаи аввал шомиланд. Техногияи мазкур имкон медиҳад бидуни амали ҷарроҳӣ ҳуҷайраҳои саратонро тавассути нури радиатсионии ниҳоят дақиқ нобуд созад, ки ҳолат марҳилаи тавонбахширо ҷиддан коҳиш дода ва вазниншавии вазъи бемор, ки хоси ҷарроҳии анъанавӣ аст, рух намедиҳад.

Имрӯз нейрохирургҳои клиникаҳои маъруфи Туркия гамма-корди насли 5-умродар ихтиёр доранд, ки миқдори муайяни нурро мустақиман ба саратон равона мекунад ва ба узв ва бофтаҳои атрофи захм осеб намерасонад.Дар бештари ҳолатҳо пас анҷоми амалиёт бемор дар клиника бистарӣ нашуда ва ба хонаҳои худ бармегарданд. Назорати баъдӣ ва машварат аз тариқи Интернет анҷом мешавад ва ба ин васила маблағи бемор ба таври қобили мулоҳиза сарфаҷӯӣ хоҳад шуд.

Дигар аз дастовардҳои муҳими нейрохирурияи Туркия имкони гузарондани муолиҷаи радиатсионии томографияи мангитию резонансӣ (МРТ) ҳисоб меёбад. Дар ҷараёни ҷарроҳӣ беморро дар камераи МРТ ҷойгир карда, ҳамзамон бо мизи ҷарроҳӣ сифати нобуд кардани саратон назорат мешавад. Пас аз ҷарроҳӣ бо назардошти маълумоти МРТ нусхабардорӣ (сканкунӣ) сурат мегирад. Имрӯз дар Аврупо танҳо 22 клиника ин техногияро истифода мебаранд.

Дар қатори нейрохирургия онкологҳои турк дастовардҳои ахирро барои табобати саратони ғадуди зери меъда, ҷигар, простатит ва бемории хояҳо истифода мебаранд. Дар ин ҷо ба воситаи дастгоҳҳои навтарин саратонеро ҷарроҳӣ мекунанд, ки дар кишварҳои дигар ғайри қобили ҷарроҳӣ эътироф шудааст. Масалан, бо истифода аз системаи роботии ҷарроҳии Da Vinci Xi HD, ки аз ҷониби профессори турк ҷорӣ гардидааст, саратони ғадуди поёни шикамро бидуни буридани шикам аз тариқи як сӯрохӣ дар шикам рафъ карда мешавад.Барои истифодаи дақиқи радиатсияи иондор нисбати саратони простатит ва узвҳои дохилии таносулии занона радиотерапияи дарунӣ истифода мешавад, ки тавассути лӯлаҳои махсуси пластикӣ нури радиоактивӣмустақиман ба саратон ирсол мешавад. Ин технология имкон медиҳад адади нурпошӣ коҳиш ёфта ва хатари вазниншавӣ поин равад.

Ҳамкории онкологҳо, радиологҳо, химиотерапевтҳо,иммунологҳо ва лабрантҳо барои муолиҷаи бемрони онкологӣ муҳим аст. Шумо дар Туркия гурӯҳи пизишкони ботахассусро пайдо карда метавонед, ки ҳар сеюми онҳо дар Аврупо ва Амрико омӯзиш дидаанд. Аз сӯи дигар, табобати саратон нисбат ба Аврупо ва Исроил дастрастар аст.

“Имрӯз Туркия дар самти хизматрасонии тиббӣ имконоти олӣ дорад. Мо ҳамарӯза барои табобат ва тавонбахшӣ аз 165 кишвар дархостҳо дарёфт мекунем. Дар соли 2018 клиникаҳои Туркия беш аз 890 ҳазор нафар беморони хориҷиро қабул карданд. Интизор меравад дар соли 2019 теъдоди онҳо қариб ба 1 миллион нафар расад”, — мегӯяд Эмин Чакмак, раиси Ассотсиатсияи сайёҳии тиббии Туркия.

Бо ин мақсад дар соли 2005   Ассотсиатсияи сайёҳиитибби Туркия (АСТТ) таъсис шуд, ки ба беморони хориҷӣ ҳамаҷониба кумак мерасонад. Ба ғайр аз кумак дар интихоби клиника АСТТ бартариҳои иловагӣ, аз ҷумла, интиқоли ройгон аз фурудгоҳ, тахфифи будубош дар меҳмонхонаи Туркия, ба таври ройгон вогузор кардани тарҷумон ва ғайраро кафолат медиҳад.

Маълумоти бештарро дар бораи табобат ва тавонбахшӣ дар Туркия аз намояндагии  Ассотсиатсияи сайёҳии тибби Туркия (АСТТ) дар Тоҷикистон дарёфт кунед:

Тоҷикистон:

[email protected]

https://thtdc.org

+992 988821288

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *