Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Озарбойҷон ҳашт “Град”-и Арманистонро нест кардааст

Вазорати мудофиаи Озарбойҷон аз нобуд кардани ҳашт системаи мушакии «Град», ки ба артиши Арманистон тааллуқ доранду дар минтақаи Қарабоғи Кӯҳӣ мустақар буданд, хабар дод.

Тибқи иттилои Вазорати дифоъ, ин “Град”-ҳо шоми чоршанбеи 30 сентябр дар натиҷаи амалиёти ҷангӣ нест карда шудаанд.

Ҳамзамон, ҷониби Арманистон ин маълумотро рад кардааст ва намояндаи Вазорати мудофиаи Арманистон Артрун Оганесян изҳороти Бокуро дурӯғи мутлақ номид.

Вазъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ (Артсах) рӯзи 27 сентябр якбора шадид шуд. Озарбойҷон гузориш дод, ки нерӯҳои Арманистон ба мавқеъҳо ва маҳалҳои аҳолинишини он дар хатти тамос оташ кушоданд. Арманистон дар навбати худ, артиши Озарбойҷонро дар ҳамла ба Артсах айбдор кард.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.