Падари ҷоҳил кӯдаки 12 солаашро маҷбуран ба шавҳар медиҳад

Намояндагони ҳифзи ҳуқуқ ба гуфтаи падари духтари ноболиғ бовар надоранд ва мегӯянд, тифлеро, ки бояд мактаб хонаду кӯдакӣ кунад, маҷбур ба шавҳар доданӣ ҳастанд.

Интизор меравад, додгоҳи Ироқ ҳафтаи оянда қарор дар бораи ақди никоҳи духтари 12-солаеро содир кунад, ки ба гуфтаи падараш, худаш хостааст, ба марде издивоҷ намояд.

То ба ҳанӯз он урфу одат асри миёнагӣ дар саросари дунё боқӣ мондааст ва гоҳ-гоҳ нафароне пайдо мешаванд, ки аз ин ин хушунатҳову ҳуқуқвайронкуниҳо сар боло карда ба мардум арзи дил кунанд. Оё, имкон дорад, ки чунин расму русуми асримиёнагиро билкул решакан кард? Худ як қавоват кунед, ба гуфтаи Ҷаннат Ал-Ғозӣ, ки мегӯяд: Як духтари 12-сола бояд бо бозичаҳояш бозӣ кунад ва филмҳои тасвирӣ бибинад, на ин ки бори масъулиятеро бикашад, ки вазнинтар аз синну ҷисму ақли ӯcт.

Ба ҳамин хотир рӯзи 21-уми ноябр гуруҳе аз ҳомиёни ҳуқуқ дар назди Додгоҳи шаҳри Козимия, зодгоҳи Исрои 12-сола, ҷамъ омада, эътироз карданду гуфтанд, ба издивоҷи кӯдакон бояд хотима дода шавад.

Яке аз ҳомиёни ҳуқуқи занон бо исми Фотима Абдулҳамид, гуфт, “мо инҷо ҳастем, то ба таҷовузи кӯдакон, ки бо номи издивоҷ сурат мегирад, мухолифат кунем. Додгоҳҳои Ироқ рӯзона садҳо ақди никоҳи кӯдакони 11, 12 ва 15-соларо расмӣ мекунанд. Мо инҷоем, ки на танҳо барои Исро, балки ба даҳҳо ақди никоҳе ғайрирасмӣ мухолифат кунем, ки баста мешаванд.”

Синни издивоҷ дар Ироқ аз 18-сола болост ва дар сурати ризоияти волидон, додгоҳ метавонад ба 15-солаҳо ҳаққи шавҳар кардан ё зан гирифтанро бидиҳад.

Модари Исро бо изтироб гуфтааст, духтарашро таҷовуз кардаанд ва падараш ӯро дуздидааст, то ба шавҳар бидиҳад. Аз ин сабаб қазияи ӯ ҳомиёни ҳуқуқи занро дар Ироқ ба хашм овардааст.

Ҷаннат Ал-Ғозӣ, ҳомии ҳуқуқи занон, гуфт: “Бо кадом ақл духтари 12-соларо барои манофеи хусусӣ ба шавҳар медиҳанд? Бо кадом ҳақ, бо кадом мантиқ? Магар виҷдони инсоне инро қабул мекунад? Ман барои тасвири падари ӯ калима намеёбам. Беҳаё, бевиҷдон, ноодам. Калима ҳам кофӣ нест. Никоҳи динӣ омили асосии фурӯпошии ҷомеа, азҳампошии хонаводаҳо ва рабудани кӯдакӣ аз фарзандон аст. Як духтари 12-сола бояд бо бозичаҳояш бозӣ кунад ва филмҳои тасвирӣ бибинад, на ин ки бори масъулиятеро бикашад, ки вазнинтар аз синну ҷисму ақли ӯcт.”

Мақомоти Ироқ гуфтаанд, бо Исрову падару шавҳараш мулоқот кардаанд ва гуё духтар наврас гуфтааст, касе ӯро ба издивоҷ маҷбур накардааст.

Додгоҳи Ироқ гуфтааст, ки тақдири Исро рӯзи 28-уми ноябр ҳал мешавад. Издивоҷи кӯдакон дар деҳаҳои Ироқ ва кишварҳои дигари арабӣ зиёд аст, анъанаи иртиҷоие, ки ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқ “ҷиноят ба зидди кӯдакиву кӯдакон аст.”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *