Паранда сабаби авҷи оташсӯзӣ дар Австралия

Парандае, ки сабаби авҷ гирифтани сухтор ва оташсӯзӣ дар минтақаҳои паҳновари Австралия шудааст, ин паррандаи «ҲИДЪАТ» (Kite) мебошад.

Тавре журналисти шинохтаи кишвар Фатҳиддини Замон дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ҷаҳон дар ҳоле ба ин паранда бо номи «ҲИДЪАТ» (Kite) ошно шуд, ки гуруҳҳои сӯхторхомушкунии Австралия ҳангоми мубориза бо алангаи оташ мушоҳида карданд, ки як гуруҳ парандаҳо худро ба оташ мезананд, оташро ба макони дигар мебаранд ва боз бо нули худ алаф ё чӯби сӯхтаистодаро гирифта, ба ҷойҳои дигари ҷангал мепартоянд.

Бо мушоҳидаи чунин рафтори парандагон олимони Донишгоҳи Сиднеи Австралия аз паи таҳқиқи ин навъ паранда шуданд. Тасвирҳо, аксҳо ва ҳама видеҳои гирифташуда ба тариқи илмӣ исбот намуд, ки парандаи «Ҳидъат» ва ё «Kite» сабабгори аслии оташ гирифтан дар ҷангал ва бешазорони Австралия гардидааст.

Зимнан, аз оташсӯзиҳои охир дар Австралия беш аз 500 миллион ҳайвонот ва парандагони нодир нобуд гаштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *