Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Парвозҳо дар масири Душанбе-Тошканд қатъ гардиданд.

Шурӯъ аз 16 то 28 март парвози ҳавопаймоҳо дар масири Душанбе-Тошканд бо сабаби хуруҷи коронавирус дар Ӯзбекистон муваққатан қатъ гардид. Хабар медиҳад АМИТ “Ховар”

Тибқи иттилои манбаъ директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода гуфт, ки қатъи парвозҳо байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар асоси барқияе, ки аз ҷониби Ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» (Uzbekistan Airways) ба мақомоти авиатсионии Тоҷикистон расидааст, сурат гирифт. Икром Субҳонзода зикр кард, ки парвозҳо байни Душанбе ва Тошканд ҳафтае ду маротиба аз ҷониби ширкати «Сомон Эйр» ва ширкати миллии ҳавопаймоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» анҷом дода мешуданд.

Мавсуф афзуд, ки чанде қабл Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз намояндагии ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост намуда буд, ки фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳои Чин, Эрон, Афғонистон, Кореяи Ҷанубӣ, Италия ва ба мусофироне, ки аз кишварҳои зикргардида нияти сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, муваққатан манъ карда шавад.

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.