Пашшаро мекушам гуфта хонаро тарконд

Дар Фаронса марди солхӯрдае пас аз кӯшиши куштани пашша тасодуфан хонаи худро тарконд.

Марди тақрибан 80 солае мехост хӯроки нисфирӯзӣ хӯрад ва садои пашшаро шунид. Сипас ӯ як магаскушаки барқиро ба даст гирифта, кӯшиш кард, ки ҳашаротро нобуд кунад. Аммо, маълум шуд, ки балони газ дар хонаи ӯ сурох будааст ва аз он ҷо газ хоиҷ мешудаас. Дар натиҷа, аз шарораи паридаи магскушак таркиши газ ба амал омадааст.

Ошхона ва як қисми боми хона хароб шудааст. Ин мард бо сӯхтани чанд ҷои баданаш ба бемористон интиҷол дода шуд.

Моҳи март бошад, як сокини ИМА ботинкаеро , ки дар дохитлаш силоҳи оташфишон буд, ба сӯи нонхурак (таракан) партофта аз пояш тир хӯрда буд. Ин ҳодиса дар шаҳри Детройт, штати Мичигани Амрико рух додааст.

Марди 50-сола бо аробачаи маъюбӣ кӯшиш кард, ки ҳашаротро кушад ва пойпафзолро ба сӯи ӯ партофт, ки дар он таппончаро пинҳон карда буд. Таппонча худ аз худ тир кушоад, пойи амрикоиро захмӣ кард, гуфтааст полис.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *