Пирӯзии табибони Эрон ба Каронавирус

Раиси маркази равобити умумӣ ва иттилоърасонии вазорати беҳдошти Эрон Киёнуши Ҷаҳонпур зимни як нишасташ ба хабарнигорон омори охирони мубталоёни коронавирус  дар Эронро эълон кард, хабар медиҳад “Спудник” дар такя ба портали “Parstoday”.

Тибқи иттилои Киёнуши Ҷаҳонпур, то кунун беш аз 66 ҳазор нафар дар Эрон ба таври қатъӣ ба вируси корона мубтало шудаанд.

Ҳамчунин Ҷаҳонпур афзуд, ки дар 24 соати ахир 17 нафар, фавтидааст ва теъдоди умумии ҷонбохтагон аз ин вирус дар Эрон ба 4 ҳазору 110 нафар расид.

Вируси корона, ки номи расмии он “Ковид-19” аст, охири соли гузашта (2019) дар шаҳри Вуҳони Чин  пайдо гардида буд.

Ҳамакнун тамоми кишварҳои ҷаҳон даргири муқобила бо вирус корона ҳастанд.

Бо наздик шудани теъдоди афроди мубтало ба ин вирус ба беш аз як миллиону 524 ҳазор нафар дар саросари дунё, токунӯн беш аз 88 ҳазор нафар аз ин теъдод ҷони худро аз даст доданд ва беш аз 332 ҳазор нафар низ аз ин бемори шифо ёфта, аз бемористонҳо мураххас шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *