Пиразани 101- сола тавлид кард

 Одатан синну соли тавлиди тифл ба ҳамон солҳое рост меояд, ки зан ҷавону солим аст ва қобиляти ҷисмонии бардоштани тифл дар батн ва нигоҳубини вайро пас аз валодат дорад. Ҳарчанд бо баланд рафтани синну сол қобиляти тавлиди тифли солим кам мешавад, вале имрӯзҳо илми тиб ва технологияи муосир ба куллӣ тараққӣ кардааст ва то андозае қонуни табиатро шикастааст. Мисоли зер тасдиқкунандаи ин гуфтаҳост.

Ба наздикӣ зани 101- солае аз Италия бо тавлиди тифли 4- килограмма ҷаҳонро дар ҳайрат гузошт. Ин модари хушбахт Анатолия Вертаделла мебошад, ки аллакай соҳиби 16 фарзанд буда, ҳамаи онҳо барвақт калону мустақил гаштаанд. Вале дар сини 48- солагӣ ин модари серфарзанд ба «саратони тухмдонҳо» (рак яичников) гирифтор мешавад ва  барои наҷоти ҷони хеш маҷбур мешавад, ки тавасути ҷарроҳӣ тухмдонҳояшро иваз кунад. Чун гузаронидани чунин ҷарроҳӣ дар Иттиҳоди Аврупо мамнӯъ аст, Анатолия ба Туркия меравад ва дар яке аз клиникаҳои шахсӣ духтур  Александро Пополичӣ тухмдонҳои бемори занро муваффақона  иваз мекунад. Бархе аз духтурон ин амалро зери тозиёнаи танқид қарор дода, мегӯянд, ки ин хонум дар синну соли номувофиқ ба ин ҷарроҳӣ ва ҳомилагиву тавлиди тифл даст задаст. Вале доктор Пополичӣ мегӯяд, ки дар олами пур аз ҷаҳолату бемеҳр, ки бисёр тифлакон бидуни хоҳиши модарони ҷавон ба дунё омада, бе сарпараст дар хиёбонҳо танҳо мондаанд, ин амалро набояд танқид кард, балки бояд барои тифлаки солиму зебои Анатолия, ки дар иҳотаи оилаи безург ва бо меҳру муҳаббат ба воя мерасад, хурсанд шуд.

Худи Анатолия тавлиди тифли 17-уми хеш Франческоро мӯъҷизаи парвардигор номида, мегӯяд: «Худованд маро ба ғазабаш гирифта буд, ки ба ин беморӣ мубтало кард, вале шукр кунун раҳмати вай ба сарам омаду ба ман қобилияти бордоршавиро баргардонд.» Шавҳари Анатолия ҳанӯз соли 1998 ин оламро тарк карда буд. Падари тифл- католики 26- солаеро барои бордоршавии сунъӣ вай тавасути интернет пайдо кардааст. Анатолия аз падари тифл ягон интизорие надорад ва талаби онро надорад, ки дар тарбияи фаразандаш ҳамроҳ бошад. Вай то кунун ба шавҳари раҳматиаш изҳори муҳаббат мекунаду мегӯяд, ки то охири умр беваи вафодори вай мемонад, ҳомилагӣ бошад ин зарурат барои иҷрои ҳукми парвардигор буд.

Ин аввалин зане нест, ки дар чунин синну соли модар мешавад. Пеш аз Анатолия хонуме бо номи Малегвала Ромокгопа аз  Африқои Ҷанубӣ, ки худ с 1839 ба олам омада, с 1931, яъне дар 92- солагиаш  модари дугоникҳо шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *