Пойи шикастаи домоди Президент дар хориҷа ҷарроҳӣ шуд

Отабек Умаров, муовини сардори Хадамоти амнияти Сарвари давлат ва домоди Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бемористони Кореяи Ҷанубӣ ҷарроҳӣ шудааст.

Як манбаи наздик ба Умаров дар суҳбат бо хабаргузории Korrespondent.uz гуфтааст, ки домоди Мирзиёев то 4 март дар карантин буд. Хабаргузорӣ ҳамзамон акси мошинеро нашр кардааст, ки шоми 13 феврал Отабек Умаров бо мототсикл ба он бархурд.

Пештар чандин манбаи наздик ба Ҳукумати Ӯзбекистон ва Мирзиёев гуфтанд, ки домоди ӯ баъди ҷароҳатҳои сангинаш дар Тошканд барои муолиҷа ба Кореяи Ҷанубӣ интиқол дода шуд. Манбаъҳо мегӯянд, Умаров, ҳамсари Шаҳноза — духтари дувуми Мирзиёев дар садамаи нақлиётӣ аз сар ва поҳояш ҷароҳатҳои сангин бардоштааст.

Манбаъҳои бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки  Шавкат Мирзиёев амр дод, ки дар робита бо садамаи мудҳиши домодаш нисбати чанд корманди амнияти хусусии ӯ тафтишоти дохилӣ анҷом шавад. Бархе афроде, ки аз онҳо ҳамчун «атлет» ё варзишгар ном мебаранд ва дар лаҳзаи вуқӯи садама дар ҷои ҳодиса қарор доштанд, ҳамчунин мавриди тафтиш қарор дода мешаванд. Манбаъҳо гуфтанд, ки дафтари корӣ ва толорҳои варзишӣ дар Тошканд, ки таҳти назари тиҷоратҳои хусусии Умаров буданд, баста шуданд.

Ба иттилои манбаъҳо, Умарови 37-сола, муовини раиси амнияти хусусии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва ҳам «варзишгарон» дар шаҳри Тошканд ҳар сари чанд вақт бо мошинҳои худ пойга ташкил карда, «ҳолати хатарноки нақлиётӣ» эҷод мекарданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *