Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Президент Мирзиёев: Маоши муаллим бояд 1000 доллар шавад!

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ният дорад маоши муаллимонро то 1000 доллари амрикоӣ боло барад.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон ният дорад  маоши муаллимонро то 1000 доллари амрикоӣ боло барад.

Дар ин бора Шерзод Шерматов, вазири маорифи Ӯзбекистон дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Тошканд хабар додааст.

Ба гуфтаи Шерматов, ҳоло қонун дар мавриди баланд бардоштани мақоми муаллим таҳия шудааст, ки дар он боло бурдани маоши муаллимон, бахусус, муаллимони мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ таъкид шудааст.

Зимнан, дар моҳи сентябри соли гузашта маоши муаллимон аз 39 то 49 дарсад афзоиш ёфт. Дар соли 2018 маоши миёнаи муаллимон дар Ӯзбекистон ҳудуди 150 долларро ташкил додааст.

Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Саид 02.05.2019 14:43

    Офарин Мирзиёев Шавкат Мирамонович!!!

  2. Тохир 03.05.2019 12:51

    Як чизро бояд кайд кард,ки заводу фабрика,ки Узбекистон дорад мо мисли вайхо нестем ва маоши 1000$ дар Узбекистон хеч чиз нест.Дар давраи Иттиходияи Шурави Россия хамаи заводу фабрикааш дар Узбекистон буд аз хамин лихоз вайхо пеш хастанд.

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj