Путин: «Ҳеҷ монеае барои узвияти Эрон дар Шанхай боқӣ намонда аст»

Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, дигар ҳеҷ монеае барои узвияти Эрон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай вуҷуд надорад.

Ин нуктаро ӯ дар дидор бо сарони кишварҳои узви СҲШ дар Тошканд баён намуда, афзудааст, ки «Мо бовар дорем, ки пас аз ҳалли мушкилоти барномаи ҳастаии Эрон ва лағви таҳримҳои Созмони Миллали Муттаҳид, ҳеҷ гуна монеа барои пазириши дархости ин кишвар боқӣ намондааст».

Раисиҷумҳури Русия ҳамчунин таъкид кардааст, ки Эрон аз хеле пеш ба ҳайси нозир дар ин созмон фаъолият кардааст.

Нишасти сарони кишварҳои Созмони ҳамкориҳор Шанхай дар Тошканд баргузор шуд ва дар ин нишаст Покистону Ҳинд ба узвияти созмон пазируфта шуданд. Аммо Эрон аз суйи кишварҳои узви ин созмон ба узвият қабул нашуд ва ҳамчунон ба ҳайси кишвари нозир боқӣ монд.

Президенти Қирғизистон ҳам гуфт, Эрон шанси зиёде барои узвият ба ин созмон дорад.

Расонаҳо ба хабаре доман заданд, ки гӯё Ҷавод Зариф, Вазири хориҷии Эрон нишастро ба нишони эътироз тарк кард, вале пас аз як чанде мушвоири раисиҷумҳури Эрон гуфт, ки Ҷавод Зариф барои адои намоз ҷаласаро тарк кард, на ба нишони этироз.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *