Путин оташбаси навбатиро дар Ҳалаб эълон кард

Владимир Путин, президенти Русия дастур дод, ки 4 ноябр дар шаҳри Ҳалаби Сурия тавақуфи башарӣ ё «паузаи гуманитарӣ» эълон шавад. Дар ин бора шабакаи телевзионии РБК бо такя ба вазорати дифои Русия хабар додааст. Ин ниҳод аз гурӯҳҳои мусаллаҳи даргир даъват кардааст, тавассути ду гузаргоҳи амн аз шаҳр хориҷ шаванд, ки нерӯҳои ҳукуматӣ ва техникаи ҷангӣ аз он канор мераванд.

20 октябр Русия «тавақуфи башардӯстона» эълон кард ва қарор буд дар ҷараёни он Маскав ва ҳукумати Сурия ба ҳамлаҳои ҳавоӣ хотима диҳанд. Баъдан ин оташбаси муваққатӣ чанд дафъа тамдид шуд. Аммо дар ин муддат Созмони Милали Муттаҳид бинобар набудани кафолати амният, натавонист мардуми мулкиро аз шаҳр берун кунад.

Ба гуфтаи хабаргузории Ройтерс, баъзеҳо, ки хостанд бо истифода аз каридорҳои амниятӣ аз шаҳр берун шавад, дар зери тирборон қарор гирифтанд. 23 октябр ҳомиёни ҳуқуқ аз дубора оғоз шудани бомбаборони Ҳалаб хабар доданд.

Шаҳри Ҳалаб қисмат шудааст, ки дар он нерӯҳои президенти Сурия Башор Асад ва ниманизомиёни мухолифин мавқеъ гирифтаанд. Нерӯҳои ҳукуматӣ бо пуштибонии ҳавопаймоҳи Русия мавқеъи ниманизомиёнро ҳадаф қарор медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *