Рӯзи набарди Тони ва Ҳабиб мушаххас шуд

Бино ба иттилои менеҷери набарди деринтизори Ҳабиб Нурмуҳаммадов бо Тони Фергюсон 18-уми апрели соли 2020 дар штати Бруклини Амрико баргузор хоҳад шуд.

Тибқи иттилои «Газета. ru”  рӯзи 25- уми ноябр чемпиони ду каратаи UFC Ҳабиб Нурмуҳаммадов шартномаи муҳорибаро бо Тони Фергюсон ба имзо расонид.

 Ин хабарро менеҷери Ҳабиб Али Абдел дар саҳифаи Twitter-аш нашр намуд.

Зимнан,  Ҳабиб 7-уми октябри соли 2018 камарбанди чемпиониро аз дасти собиқ чемпиони UFC Конор Макрегор гирифта буд ва онро 7-ми сентябри ҳамин сол дар мубориза зидди Дастин Поре дар шаҳри Абу-Дабии Арабистони Сауди дубора ҳимоя намуд. Ғолибияти Ҳабиб зидди ин ду варзишгар шуҳраташро даҳчанд намуд. Аз ҷумла, ғолибияташро нисбати Поре аксари ҷавонони Тоҷикистон ҷашн гирифта ва чандин соат роҳҳоро ҳатто банд намуданд, сабаби аз ҳад зиёд дилбастаги ҷавонони тоҷик нисбат ба муҳрибаҳои Ҳабибро метавон дар пайвастагиҳои дини унвон кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *