Роҳгузар навзодро аз даҳони мӯрчаҳо кашида гирифт

Ин ҳодисаи мудҳиш дар шаҳри Челябинск ба вуқӯъ омадааст. Вақте саҳар марде аз пайраҳаи ҷангалӣ гузашта  ба кор мерафт, овози гиряи навзод ба гӯшаш расид. Ин садоро пайгирӣ кунон ба манбаъи он наздик шуд ва аз  ваҳшати он чизе, ки дид  хело ҳайратзада шуда лаҳзае чанд дар ҷояш шах шуд. Ин садои гиряи тифли навзоде буд, ки ҳатто нофаро нобурида дар замин партофтаандаш ва анбӯҳи мурчагон бадани вайро ишғол карда, мегазиданд.  Мард ба ёрии таъҷилӣ занг зад ва айни ҳол ин духтарчаи наҷотёфта, дар дастони табибони ғамхор аст. Ҳаёташро ин роҳгузар наҷот дод. Аммо модари бераҳме, ки ин корро ба фарзандаш раво дидааст кист ва дар куҷост ҳоло маълум нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *