Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Роза Сябитова: Чаро занҳои рус тоҷиконро дӯст медоранд?

Чаро миёни издивоҷҳо дар Русия аксари домодҳо хориҷиён, аз ҷумла тоҷикон ҳастанд? Инро хостгор ва ровӣ Роза Сябитова аз барномаи ТВ “Давай поженимся” шарҳ додааст.

Бино ба маълумоти идораҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии минтақавии Русия аксари домодҳо шаҳрвандони хориҷа, аз қабили зодагони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Арманистон мебошанд.

Ровии барномаи «Давай поженимся» хостгор Роза Сябитова ин тамоюлро дар сӯҳбат бо радиои «Давай поженимся» шарҳ дод.

Ровӣ гуфт, ки хориҷиён бештар ба наздашон меоянд.

Ҳамзамон, меҳмонони барнома саъй мекунанд, ки ба ватани худ барнагарданд, балки мехоҳанд дар Русия бимонанд. Сябитова шарҳ дод, ки барои муҳоҷирон издивоҷ яке аз роҳҳои осонтарини қонунигардонӣ дар Русия ба ҳисоб меравад.Номбурда омилҳои иҷтимоӣ ва биологиро низ сабаби дигари издивоҷи занони рус бо хориҷиён номид. Вай қайд кард, ки мардон аксар вақт духтарони синни таваллудро ҳамчун ҷуфт интихоб мекунанд ва заноне, ки мехоҳанд барои рушди хеш талош кунанд, бо гузашти солҳо бетаваҷҷӯҳ мемонанд.

“Бинобар шароит, заноне, ки тасмим гирифтанд, барои худ карера созанд ва барои рушди фардиву баробарии гендерӣ талош кунанд, дар канор монданд. Аммо онҳо низ бояд издивоҷ кунанд ва бинобар ин хушбахтии занонаро аз домодҳои хориҷӣ меҷӯянд», гуфт Сябитова.
Ҳамзамон, ровии телевизион қайд кард, ки ин тамоюл комилан муқаррарист ва занон набояд аз интихоби худ шарм доранд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.