Русия ба Эрон мушаки С-400-ро намефурӯшад

С-400 «Триумф» мушаки зиддиҳавоии миёнбурд ва дурбурди Русия буда, алайҳи ҳавопаймоҳои муосир истифода мешавад. Аз соли 2007 ин мушак ба неруҳои мусаллаҳи Русия шомил шудааст.

Русия эълон кардааст, ки аз фурӯши мушаки зиддиҳавоии С-400 ба Эрон худдорӣ мекунад.

Бино ба гузориши хабаргузории  Bloomberg, Русия далели ин тасмимро ба ҷилавгирӣ аз имкони ташаннуҷ дар Ховари Миёна унвон кардааст.

С-400 «Триумф» мушаки зиддиҳавоии миёнбурд ва дурбурди Русия буда, алайҳи ҳавопаймоҳои муосир истифода мешавад. Аз соли 2007 ин мушак ба неруҳои мусаллаҳи Русия шомил шудааст.

Зимнан, Амрико ба ҳайси ҳушдор ба Эрон неруҳои обии худ бо шумули киштии ҳавопаймобари Abraham Lincoln ва ҳавовпаймоҳои бомбаандозро ба Халиҷи Форс фиристодааст.

Ҳамчунин, неруҳои Амрико дар Ироқ, кишвари ҳамсояи Эрон ба ҳолати омодабоши ҷангӣ даромадаанд. Ин дар ҳолест, Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА мегӯяд, ки хостори ҷанг бо Эрон нест.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *