Сӯхтору таркиш дар маркази шаҳри Бишкек

Дар қаҳвахонае дар маркази шаҳри Бишкеки Қирғизистон сӯхтор рух дод. Дар ин бора вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар хабар медиҳад.

Ба иттилои ин ниҳод, соати 13-42 дақиқа се мошини сухторнишонӣ ба ҷои ҳодиса рафт.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навореро аз ҷои ҳодиса нашр карданд. Дар навор таркиш сабт шудааст. Ба иттилои шоҳидон, лӯлаи газ таркидааст.

Ба иттилои пешакии вазорати тандурустии Қирғизистон, дар пайи ин сухтор ва таркиш дар қаҳвахонаи «Антошка» 13 кас, аз ҷумла се кӯдак маҷруҳ ва як тан аз маҷрӯҳон дар ҷои ҳодиса вафот кардааст. Дар ҳоли ҳозир нуҳ тан аз маҷруҳон дар бемористон бистарӣ шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *