Сӯхтор дар калисои Ҷомеъи Париж

Калисои “Нотр Дам”дар шаҳри Париж ба коми оташ рафт. Дар ин маъбад, ки дар асри 15 бунёд шудааст, соати 18.50-и вақти маҳалии (соати 21.50-и вақти Душанбе) 15 апрел қисмати чӯбии он оташ гирифтааст.

Калисои “Нотр Дам”дар шаҳри Париж ба коми оташ рафт. Дар ин маъбад, ки дар асри 15 бунёд шудааст, соати 18.50-и вақти маҳалии (соати 21.50-и вақти Душанбе) 15 апрел қисмати чӯбии он  оташ гирифтааст.

Дар ин калисо корҳои таъмиру бозсозӣ ҷараён дошт.

Кормандони калисо ба маҳали амн мунтақил шудаанд. Аз ҳодисаи сӯхтор касе осеб надидааст.

Анна Идалго, шаҳрдори Париж гуфтааст, ки дар пайи талошҳои сӯхторнишонҳо забонаи оташ паст шудааст. Вай таъкид кард, ки ба калисо осеби ҷиддӣ нарасида ва хавотириҳо аз нобуд  шудани нигораҳо тасдиқ нашудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Эмманюэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса эълон кард, ки барои бозсозии калисо ҳисоби бонкии байналмилалӣ боз шудааст.

Миллиардери фаронсавӣ ва раиси иҷроияи гурӯҳи ширкатҳои  Kering Франсуа-Анрӣ Пино гуфтааст, ки барои тармим ва бозсозии калисои Ҷомеъи Париж 100 миллион евро ҷудо мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *