Садамаи мошини монанд ба «Nissan GT-R R35»-и домоди Мирзиёев

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеои садамаи нақлиётие бо иштироки се мошин чарх мезанад. Яке аз онҳо мошини сафеди навъи спорткар Nissan GT-R R35 аст ва ин гуна мошин дар аксҳои аъзои хонаводаи президенти Ӯзбекистон дида мешавад.

Садама шаби 6 август дар хиёбони «Мустақиллик» ё ба истилоҳ, «шоҳроҳи президентӣ» дар шаҳри Тошканд рух додааст. Бино ба иттилои расмӣ дар натиҷаи он касе ба ҳалокат нарасидааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, кормандони пулис зуд ба маҳалли ҳодиса ҳозир шуда, роҳро аз нишонаҳои садама тоза карданд. Мошини спорткар Nissan GT-R R35, ки беш аз 115 ҳазор доллар арзиш дорад, дар кӯчаҳои Тошканд ба нудрат дида мешавад.

Чанде пеш дар Интернет акси аъзои хонаводаи президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар канори ин гуна мошин нашр шуд. Дар акс писару набераи Мирзиёев ва домоди хурдиаш Отабек Умаров, ки муовини сардори Хадамоти амнияти президент аст, дида мешавад.

Ба воситаи манобеи мустақил тасдиқи ин ки оё мошини ба садама дучоршуда ба хонаводаи президент тааллуқ дорад, ё не, ғайриимкон аст. Расонаҳои маҳаллӣ аз захмӣ шудани се кас, аз ҷумла ду корманди мақомоти умури дохилии Ӯзбекистон хабар медиҳанд.

Бино ба хабари сомонаи мустақили Eltuz.com, ки дар дохили Ӯзбекистон дастрасӣ ба он маҳдуд аст, яке аз мошинҳои иштирокчии садама — «Nissan GT-R R35»-и сафед ба домоди хурдии Мирзиёев тааллуқ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *