Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

«Саддом Ҳусайн рафт, вале ҳоло ҳазор Саддом дорем»

Бисту чаҳор соат пас аз куштори ғайринизомиён дар Бағдод тавассути гурӯҳи мавсум ба давлат исломӣ(Доъиш), мардони ҷавони хашмгин дар зери замини яке аз марказҳои харид бо зеру рӯ кардани деворҳо, дар ҷустуҷӯи ҷасадҳои қурбониён буданд.
Вале чанд кафш ва тали аз хокистар сиёҳ танҳо чизе буд, ки боқӣ монда буд. Ҳавои зеризамин доғ ва оташ ҳанӯз дар ҳол сӯхтан буд. Қатраҳои оби гарм ва тираранге аз сақф мечакид.
Дар маҳватаи хориҷ, садҳо нафар ҷамъ шуда буданд. Ҳузури ин ҷамъият нишондиҳанда сарсахтӣ ва истодагии онҳо буд; Чун ҳар хиёбони пурҷамъият ва торик дар Бағдод, ҳадафи билқувва барои як бомбагузории интиҳорӣ аст.
Шояд шарик шудан дар як ғами бузург, таҳаммули онро осонтар мекунад. Бисёре гиря ё дуо мекарданд. Ман як кишиши масеҳиро дидам, ки дар ҳол равшан кардани шамъ ва кашидани аломати салиб буд. Дар ҳамин ҳол ҷавононе ҳам мушоҳида мешуданд, ки саргарми зикр ва дуоҳои буданд, ки шиъаён барои амвот(мурдаҳо) мехонанд.
Сафи кушта шудани чунин теъдоди зиёди ғайринизоми Ироқӣ, сабаб намешавад, барои касоне, ки ҷон солим ба дар бурдаанд, таҳаммул чунин куштори бемантиқе, осонтар бошад.
Дар ин, ки ироқиҳое, ки дар зиндагӣ рӯзмараашон бо ранҷ ва дард мувоҷиҳанд, ба интишори натиҷаи таҳқиқоти расмӣ дар бораи нақши Биритониё дар ишғол Ироқ дар сол 2003, таваҷҷӯҳи зиёде бикунанд, ҷойи тардид аст. Интишори ин гузориш бо таъхири зиёд сурат гирифт.
Бисёре аз касоне, ки бо онҳо сӯҳбат кардаам, тасмим худро дар бораи натиҷаҳои ишғоли Ироқ гирифтаанд. Козим Ал-Ҷобурӣ, яке аз ин афрод аст, ки ба сурати мазҳари мухолифати ироқиҳо бо Саддом Ҳусайн ва танаффур аз ӯ даромада буд.
Дар 9-уми апрели 2003 буд, ки неруҳои амрикоӣ қалби Бағдодро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Соатҳое қабл аз расидани онҳо Козим Ал-Ҷобурӣ, ки қаҳрамони вазнбардорӣ буд, тасмим гирифт як муҷассамаи бузурги биринҷии Саддом Ҳусайнро, ки бар рӯйи пояе дар майдони Фирдавсӣ қарор гирифта буд, поин биовард.
Козим ал-Ҷобурӣ ба сурати мазҳари мухолифати ироқиҳо бо Садом Ҳусайн ва танафур аз ӯ даромада буд.
Козим Ал-Ҷоббурӣ соҳиби як мағозаи машҳури фурӯш ва таъмири мототскл буд ва дар мавриди мототсиклҳо иттилооти зиёде дошт. Муддате ӯ мототсклҳои мутааллиқ ба Садом Ҳусайнро таъмир мекард, вале пас аз он ки режими Саддом Ҳусайн 14 нафар аз аъзои хонаводаашро эъдом кард, аз кор кардан барои ӯ мунсариф шуд. Дар вокуниш ба ин сарпечии Козим бо истинод ба иттиҳомоти сохтагӣ муддати ду сол зиндонӣ шуд.
Вале Козим Ал-Ҷоюурӣ шахси муқовиме аст. Дар зиндон ӯ як клуби бадансозӣ ва вазнабардориро ба роҳ андохт ва ниҳоятан шомили яке аз авфҳои давраи Саддом Ҳусайн қарор гирифт ва аз зиндон озод шуд.
Дар субҳи рӯзи 9 апрел буд, ки Козим дар садади интиқомҷӯии шахсе баромад ва бо табари худ шикастани сутунеро шурӯъ кард, ки муҷассамаи биринҷии Саддом Ҳусайн бар рӯйи он қарор дошт.
Рӯзноманигорон аз ҳотели Фаластин дар майдони Фирдавс берун омаданд ва пахши хабар ва бардоштани аксҳоро оғоз карданд. Козим мегӯяд, ба далели ҳузури онҳо маъмурони полиси махфии Саддом Ҳусайн натавонистанд монеъи ӯ шаванд ва бо наздиктар шудани Садои шиллики тӯпҳои неруҳои амрикоӣ, аз ҳам пошиданд.
Вақте неруҳои амрикоӣ расиданд, як сими оҳаниро ба даври сари биринҷии муҷассамаи Саддом Ҳусайн печиданд ва бо булдозер ба Козим дар сарнагун кардани муҷассама кӯмак карданд. Тамоми ин иттифоқотро телевизионҳои байналмилалӣ зинда пахш мекарданд.
Мардуми сароёсари дунё тасвири Ироқи хашмгин, вале завқзадаро, ки ба муҷассамаи сарнагуншудаи Саддом Ҳусайн лагад мезаданд, тамошо карданд.
Козим мегӯяд, достони ӯ дар дафтари Кох сафед ба гӯши Ҷорҷ Буш раисиҷумҳури вақти Амрико ҳам расида буд. Вале акнун мегӯяд, кош табарашро дар хона боқӣ гузошта буд.
Козим монанди бисёре аз ироқиҳо ишғолгаронро барои ин ки боиси силсила иттифоқоти даҳшатбор шуданд ва кишварашро вайрон карданд, маломат мекунад. Орзуи ӯ бозгашти субот ва итминони давраи Саддом Ҳусайн аст.
Козим мегӯяд, ибтидо мутаваҷҷеҳ шуд, ки Ироқ на ба сӯи озод шудан, балки ишғол ҳаракат мекунад. Баъдан фасод, суйимудирият ва хушунат ӯро дилзада кард. Бештар аз ҳама, ӯ раҳбарони ҷадид Ироқро дӯст надорад.
«Садом Ҳусайн рафта, вале ҳоло мо як ҳазор Саддом дорем. Замони Саддом Ҳусайн ин тавр набуд. Низом ва система вуҷуд дошт. Ӯро дӯст надоштем, вале аз онҳо (раҳбарони кунунии Ироқ) беҳтар буд”.
«Саддом ҳеҷ вақт касеро бидуни далел эъдом намекард. Ӯ мисли як девор маҳкам буд. Фасод ё ғорат ва чаповул вуҷуд надошт, амният буд. Шумо метавонистед дар амният зиндагӣ кунед.»
Ин ҳарфҳоро ироқие мегӯянд, ки як замон барои сарнагунии режими Саддом Ҳусайн дасту остин барзада, бо Амрико ҳамсадо шуда буданд.
» Ба сураташ туф меандозм»
Бисёре аз ироқиҳо ҳам ҳарфҳои Козимро мезананд. Режими Саддом Ҳусайн сахтгир буд ва метавонист ҷинояткор бошад. Ӯ кишварро ба як ришта ҷангҳои вайрон кунанда кашонд ва мӯҷибм эъмоли таҳримҳои шоковар ба вайронкунандаи байналмилалӣ шуд.
Вале, акнун, ки бо таҷрибаи сездаҳ соли гузашта мебинем, қабл аз 9-уми апрели 2003, дунё ҷойи оромтар ва амнтаре буд. Аз замони суқут режими гузашта ироқиҳо як рӯз оромиш надоштаанд.
Пас аз шикаст нафароти гурӯҳи мавсум ба “Давлат исломӣ” тавассути артиш Ироқ дар фалуҷа, иддае умедвор шуданд, ки вазъ беҳтар хоҳад шуд. Вале инфиҷорҳои вайронкунанда дар Бағдод дар соатҳои аввали субҳи якшанбеи гузашта ин умедвориро аз байн бурд
Аз Козим(ҳамоне, ки муҷассамаи Саддомро ба замин зада буд) мепурсам агар Тони Блерро бубинад, чӣ кор хоҳад кард?
Дар ҷавоб мегӯяд: «ба сураташ туф меандозам»
Мепурсам ба Ҷорҷ Буш чӣ хоҳад гуфт?
Посух медиҳад: «Хоҳам гуфт, ту ҳам ҷинояткорӣ. Ту кӯдакони ироқиро куштӣ. Ту занон ва афрод бегуноҳро куштӣ. Ҳамин ҳарфҳоро ба Блер ҳам хоҳам зад. Ҳамин тавр ба эътилофе, ки Ироқро ишғол кард. Ба онҳо хоҳам гуфт шумо ҷинояткор ҳастед ва бояд муҳокима шавед.»
Як ришта паёмадҳои ношӣ аз ишғоли Ироқ дар сол 2003, мӯҷиби ҷанг поённопазир дар ин кишвар шудааст.
Амрика ва Бритониё диктатореро, ки мардум аз ӯ мутанафир буданд, баркано ва артишу ҳукумати ӯро мунҳал карданд; вале ҳеҷ барномаи воқеӣ барои бозсозии кишваре, ки муталошӣ карда буданд, надоштанд. Онҳо бидуни барнома амал карда ва авзоъро бадтар карданд.
Қабл аз ишғоли Ироқ нафарҳои ҷиҳодӣ дар ин кишвар набуданд. Ғайринизомиёни мусулмони суннӣ ва шиъа, ки даргириҳои мазҳабии онҳо дар ҷараёни ишғоли Ироқ шурӯъ шуд, қаблан ҳамзистӣ доштанд.
Ишғолгарон фоқиди неруи кофӣ барои контрол Ироқ буданд ва неруҳои ҷиҳодӣ аз марзҳои бидуни муҳофиз ба ин кишвар ҳуҷум оварданд. “Ал-Қоида” дар он ҷо мустақар шуд ва ниҳоятан ба унвони “Давлат исломӣ” таҷдиди ҳаёт ёфт.
Ироқиҳо ғолибан худашон вазъияташонро бадтар кардаанд, вале ин иштибоҳҳои Амрико ва Британия буд, ки ироқиҳоро ба тарафи ҷодаи вайронӣ савқ дод.
Манбаъ:BBC

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.



arzon.tj