Сарзадани ҷанги сеюми ҷаҳон. Ҷаҳонро ба даст овардани Чин. Қатъ шудани истеҳсоли нефт ва …

ВАО пешгӯиҳои фолбини афсонавии булғор Вангаро паҳн кард, ки ба гуфтаи рӯзноманигорон, аллакай амалӣ шуда истодааст.

Тибқи иттилои piterburger.ru, фолбин муноқишаи низомиро дар Сурия пешгӯӣ карда буд. Ин далел, ба гуфтаи нашрия, даҳшатовар ба назар мерасад, зеро Ванга ҳамчунин гуфтааст, ки пас аз он Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ оғоз мешавад ва Аврупо комилан аз рӯи замин нест карда мешавад. Давлатҳо инчунин мавҷудияти худро қатъ мекунанд.

Илова бар ин, вай пешгӯӣ карда буд, ки Чин мақоми як қудрати ҷаҳонро ба даст меорад ва нақлиёте ихтироъ карда мешавад, ки метавонад дар рӯи замин парвоз кунад. Ба гуфтаи вай, Русия ба мушкилоти иқтисодӣ рӯ ба рӯ мешавад, аммо дар ниҳоят ҳокими Федератсияи Русия ҷаҳонро наҷот хоҳад дод.

Илова бар ин, вай пешгӯӣ карда буд, ки нафт аҳамияти худро гум мекунад ва дар ниҳоят истеҳсоли он қатъ мешавад. Ба навиштаи портал, сабаби ин эҳтимолан кашфи як навъи сӯзишворӣ хоҳад буд, ки ба шарофати он таҷовуз дар муносибатҳои байни кишварҳо аз байн меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *