Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Шавҳар модари се фарзандро латукӯб карда кушт

Сокини 31-солаи шаҳри Бодканди Қирғизистон бо гумони қатли ҳамсараш боздошт шуд. Ин мард гуфт, ки ҳамсарашро баъди ҷанҷоли лафзӣ латукӯб кардааст.

Ин ҳодиса рӯзи 3 январ рух дод. Азизбек Жунусов, сардухтури беморхона гуфт, зан дар роҳ ба сӯи бемористон фавтид.

Табибон дар ҷисми зан осори латукӯб ва сухтагиро мушоҳида кардаанд.

«Занро соати 2:00 субҳи 4 январ ба бемористон оварданд. Қалби вай наметапид. Дар ҷисмаш осори латукӯб дида мешуд. Ҷасад ба ташхиси судӣ-тиббӣ фиристода шуд», — гуфт сардухтур.

Бо гумони содир кардани ҷиноят ҳамсари зан боздошт шудааст.

Хешовандони зан гуфтанд, ки солҳои охир вай пайваста аз шиканҷа шуданаш шикоят мекард. Ин ҳодисаро мақомоти қудратӣ таҳқиқ доранд.

-->

Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.